Ин барнома дар асоси Қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе вобаста ба таъмини шафофияти иттилоотӣ оид ба иншоотҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои сокинон таҳия шудааст.
Ин барномаи мобилӣ манбаи ягонаи расмии иттилоот дар бораи ҳамаи иншоотҳои сохтмонии баландошёнаи истиқоматии дорои иҷозати расмӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.
Маълумот мустақиман аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе пешниҳод шуда, мунтазам навсозӣ мегардад.
Барнома аз се бахши асосӣ иборат аст (дар поёни саҳифа):
Дар кунҷи рости болои харита тугмаи Танзимот (⚙️) мавҷуд аст, ки тавассути он шумо метавонед намуди харитаро (стандартӣ ё моҳвораӣ) иваз кунед ва гурӯҳбандии нишонаҳоро (кластерро) хомӯш/фаъол созед.
Пеш аз харидани манзил ё фазои тиҷоратӣ, ҳатман се қадами зеринро санҷед:
Огоҳии ҳуқуқӣ: Фурӯши манзилҳо дар блокҳое, ки ҳанӯз иҷозати расмии оғози корҳои сохтмонӣ нагирифтаанд, қатъиян манъ аст!
Санҷиши ин маълумот шуморо аз мушкилоти молиявӣ ва ҳуқуқӣ дар оянда эмин медорад.
Ин барнома бо мақсади таъмини шаффофият ва дастрасии омма ба иттилоот сохта шудааст. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои амалиёти молиявии байни харидор ва ширкати сохтмонӣ масъулият ба дӯш намегирад.
Барои гирифтани тасдиқи ниҳоии ҳуқуқӣ ё машварати иловагӣ, лутфан ба Сарраёсат муроҷиат намоед.
Тамос: Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе
📞 (+992) 37 233 05 07
Тавзеҳ: Ин иншоот дорои тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии пешазсохтмонӣ ва иҷозатдиҳӣ мебошад. Фармоишгар ҳамаи марҳалаҳои қонуниро расман гузаштааст.
Ҳуҷҷатҳои мавҷуда: Қарори Раиси шаҳри Душанбе (оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон), Ангораи лоиҳа (Нақшаи куллӣ), Шиносномаи иншоот, Хулосаи мусбии Экспертизаи давлатӣ ва Иҷозати расмии оғози корҳои сохтмонӣ.
Тавсия барои харидор: Харидани манзил дар ин иншоот аз назари ҳуқуқӣ расман иҷозатдодашуда аст. АММО, ҳатман бояд ба рӯйхати блокҳои иҷозатдодашуда (масалан: Блоки А, Блоки Б ва ғ.) диққати ҷиддӣ дода шавад. Агар номи Блоки мушаххасе, ки шумо хариданӣ ҳастед, дар рӯйхати блокҳои иҷозатдодашудаи саҳифаи иншоот мавҷуд набошад, аз ҳиссагузорӣ ва харидории манзил дар он блок қатъиян худдорӣ бояд кард, зеро фурӯши манзил дар блокҳои беиҷозат манъ аст.
Тавзеҳ: Ин лоиҳаҳо дорои ҳуҷҷатҳои аввалия (масалан, Қарори Раиси шаҳр) мебошанд ва аз гирифтани ин Қарор ҳанӯз 12 моҳ нагузаштааст. Ширкати сохтмонӣ дар доираи мӯҳлати қонунӣ амал карда истодааст, аммо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба итмом нарасонидааст. Корҳои сохтмонӣ дар замин ҳанӯз оғоз нашудаанд.
Марҳилаи кунунӣ: Лоиҳаҳо айни замон дар марҳилаи мувофиқакунӣ, лоиҳакашӣ ва гузаронидани экспертизаи давлатӣ қарор доранд.
Мушкилот: То ҳол Иҷозати расмии сохтмон ё Хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ гирифта ва пешниҳод карда нашудааст.
⚠️ Харидани манзил тавсия дода намешавад! Бастани шартномаи ҳиссагузорӣ дар ин марҳала хавфи баланд дорад, зеро лоиҳаи ниҳоӣ ҳанӯз тасдиқ нагардидааст ва метавонад тағйир ёбад.
Тавзеҳ: Ин ҳолат нишон медиҳад, ки дар раванди расмиёти ҳуҷҷатгузории иншоот маҳдудиятҳои ҷиддии техникӣ ё ҳуқуқӣ ба миён омадаанд ва лоиҳа талаб мекунад, ки аз тарафи фармоишгар ҳуҷҷатгузории он фавран ба тартиб оварда шавад.
Сабабҳои асосии сурх шудани иншоот:
⚠️ То ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби сохтмончи, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад! Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки то ба итмом расидани тамоми расмиёти иҷозатдиҳӣ аз тарафи фармоишгар, маблағгузорӣ ба ин биноҳо дорои хавфи баланди техникӣ ва молиявӣ мебошад.